Дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид
Дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳр баргузор шуд. Дар ин ҳамоиши пуршукӯҳ зиёда аз 130 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла 61 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 70 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Бохтар иштирок карданд.
Ҷаласаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ифтитоҳ бахшида, ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва ҷавон ёдовар шуд.
Раиси шаҳр зикр кард, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд ва саҳми босазо мегузоранд. Ӯ афзуд, ки эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву ифтихори ватандорӣ ва болоравии сатҳи саводу маърифати сиёсӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.
Дар ҷаласа баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба ҷавонон, дастгирии иқдомҳои навҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт. Ҳамзамон, аз тарафи аъзои Шӯро ва ҷавонони фаъоли шаҳр пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълим, фароҳамсозии ҷойҳои кор ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ ироа гардиданд.
Дар охири ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъол бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Бохтар стипендияҳои худро ба таври рамзӣ аз дасти роҳбари шаҳр дарёфт карданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ҷавонон, ба таъкиди масъулин, барои тақвияти худбаоварӣ, болоравии рӯҳияи ватандӯстӣ ва рушди қобилиятҳои зеҳнии ҷавонон мусоидат менамояд.