ДАР ШАҲРИ БОХТАР АКСИЯИ МАЪРИФАТИИ «ОИЛААТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД» БАРГУЗОР ГАРДИД
ДАР ШАҲРИ БОХТАР АКСИЯИ МАЪРИФАТИИ «ОИЛААТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД» БАРГУЗОР ГАРДИД
Субҳи 14-уми майи соли ҷорӣ, дар майдони Парчами давлатӣ, бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, дар шаҳри Бохтар аксияи таблиғотӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Оилаатонро эҳтиёт намоед» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои солим дар оила ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои милливу инсонӣ роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони сохторҳои дахлдор, ҷавонон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни аксия миёни аҳолӣ вохӯриҳо баргузор гардида, мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои муҳими оиладорӣ, пешгирии низоъҳои дохилии оилавӣ, тарбияи фарзандон ва нақши созандаи зан дар ҷомеа суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни аксия маводи иттилоотӣ, аз ҷумла буклетҳо бо тавсияҳои муфид, тақсим карда шуд, ки дар онҳо роҳҳои муосири ҳалли мушкилоти оилавӣ, тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини суботи равонӣ дар муҳити оилавӣ шарҳ дода шудаанд.
Ташкилкунандагони аксия изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар таҳкими арзишҳои оилавӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон нақши муҳим мебозад.
Қурбоналӣ Қиëмов “Набзи Бохтар”