МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бохтар

Идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бохтар

Имрӯз дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод баргузор гардид.

Тантанаи ҷашнӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои наврӯзӣ ва барномаи фарҳангии мактаббачагон оғоз ёфт. Ҳунармандони ҷавон бо маҳорати худ табъи ҳозиринро болида намуда, бо рақсҳо, сурудҳои ҷаззоб ва саҳнаҳои театрикунонидашуда паёми Наврӯзро ба иштирокдорон расониданд.

Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни суханронии худ ҳамаи ҳозиринро бо ин иди ниёгон табрик намуда, зикр кард, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳёи табиат ва меҳру муҳаббат миёни мардум мақоми хосса дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳифзу гиромидошти арзишҳои наврӯзӣ ва анъанаҳои миллии мардумамон на танҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, балки мояи ифтихори миллат мебошад.

Инчунин, раиси шаҳр бо барномаи омоданамудаи хонандагони мактаби санъати бачагона шинос шуда, аз маҳорати ҳунарии онҳо ситоиш намуд. Дар доираи ҷашн, ҳунармандони маҳаллӣ ҳунарҳои дастии худро, аз ҷумла гулдӯзӣ, кандакорӣ, коркарди чӯб ва дигар намунаҳои ҳунари мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *