МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо Мулоқотҳо Муовинон Паёму табрикот Рӯйдодҳо Суханрониҳо Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи матбуот дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Таҷлили Рӯзи матбуот дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
Имрӯз, дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Рӯзи матбуоти тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Бохтар зимни суханронии худ рӯзноманигоронро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, саҳми онҳоро дар тарғиби сиёсати давлатӣ, инъикоси дастовардҳои шаҳру ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
Ба муносибати ин ҷашн, як гурӯҳ рӯзноманигорон, ки дар самти рушди матбуоти маҳаллӣ саҳми арзанда доранд, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом ҳамчун эътирофи заҳматҳои беандозаи намояндагони ВАО дар пешбурди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
Рӯзноманигорон дар навбати худ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки бо масъулияти баланд барои рушди матбуоти касбӣ, таҳкими забони давлатӣ ва расондани иттилои дақиқу босифат ба ҷомеа талош хоҳанд кард.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *