БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАЙДОНИ “70-СОЛАГИИ АЗХУДКУНИИ ВОДИИ ВАХШ” ВА ТЕППАИ ҚУРҒОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАЙДОНИ “70-СОЛАГИИ АЗХУДКУНИИ ВОДИИ ВАХШ” ВА ТЕППАИ ҚУРҒОН
Имрӯз, 26 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Рахмоналӣ аз майдони “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва теппаи Қурғон дар шаҳри Бохтар боздид намуданд.
Раиси вилоят дар майдони “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” аз руде, ки аз миёни ин майдон мегузарад ва бинобар сабаби боришоти барфу борон деворпояҳои паҳлӯи он ба ҳолати садамавӣ дучор шудаанд, боздид намуда, барои рафъи ин мушкилот ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар теппаи Қурғон, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маҳсуб гардида, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб меёбад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.
Раиси вилоят ба масъулон дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сохтмони теппаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон