Чорабиниҳои варзишӣ байни сарбозону афсарон бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар шаҳри Бохтар
Чорабиниҳои варзишӣ байни сарбозону афсарон бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар шаҳри Бохтар
Имрӯз, дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Бохтар бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ миёни сарбозону афсарон баргузор гардид.
Чорабинии варзишӣ бо фазои идона сурат гирифта, хизматчиёни ҳарбӣ дар намудҳои гуногуни варзишӣ маҳорату омодагии ҷисмонии худро нишон доданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаҳо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо на танҳо ҷасорату иродаи хизматчиёни ҳарбиро тақвият мебахшад, балки ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рӯҳияи ватандӯстонаи онҳо низ мусоидат мекунад.