МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Боздидҳо Мулоқотҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ СӮҲБАТУ ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ КИШВАР ВА ПЕШГИРИИ СОДИРШАВИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД

 

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, намояндаи Раёсати Агентии давлатии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумхурии Точикистон дар вилояти Хатлон Акрамзода Ёсуман оид ба шарҳу тавзеҳи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд вохӯрии судманд доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудирон ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия шарҳ дода шуда, иштирокчиён ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомот, ки татбиқкунандаи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб меравад, даъват карда шуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ миёни иштироккунандагон ва намояндаи Агентӣ саволу ҷавоб доир шуда, ҷиҳати тавсеаи татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуд.

 

 

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *