Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби арзишҳои волои ин санаи тақдирсоз имрӯзҳо дар ҳама маҳаллаҳои шаҳри Бохтар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида истодааст.
Сокинони шаҳри Бохтар, аз ҷумла маҳаллаҳои “Маданият”, “Бохтариён” ва “Ғайрат” санаи 24 августи соли 2021 бо ифтихормандӣ ва садоқат нисбати санаи муқаддас аз ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил намудаанд.
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинон дастранҷи худро ба намоиш гузошта, бо шиору овезаҳо зери унвони «Тоҷикистон хонаи умеди ман», «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш», «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод», «Ватан сар мешавад аз деҳаи ман» дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронида шуд.