Бо мақсади таъмини рушду тараққиёти назарраси минбаъдаи шаҳр, баланд бардоштани иқтидори иқтисодию истеҳсолӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 26 декабри соли 2020, № 48 тасдиқ карда шуда, аз 86 лоиҳа иборат буда, ба бахши саноат 9 лоиҳа бо арзиши 61,1 млн. сомонӣ, ба бахши сохтмон 14 лоиҳа бо арзиши 582,9 млн. сомонӣ, ба бахши кишоварзӣ 3 лоиҳа бо арзиши 34,5 млн. сомонӣ, ба бахши маориф 8 лоиҳа бо арзиши 134,9 млн. сомонӣ, ба бахши тандурустӣ 11 лоиҳа бо арзиши 153,7 млн. сомонӣ, ба бахши фарҳанг 5 лоиҳа бо арзиши 51,2 млн. сомонӣ, ба бахши сайёҳӣ 4 лоиҳа бо арзиши 29,1 млн. сомонӣ, ба бахши варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон 4 лоиҳа бо арзиши 34,2 млн. сомонӣ, ба бахши хоҷагии коммуналӣ 4 лоиҳа бо арзиши 31,8 млн. сомонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ 3 лоиҳа бо арзиши 20,3 млн. сомонӣ ба бахши нақлиёт ва роҳдорӣ 6 лоиња бо арзиши 231,5 млн. сомонӣ, таъмини барқ 10 лоиҳа бо арзиши 56,3 млн. сомонӣ ва ба бахши ҳифзи муҳити зист 5 лоиҳа бо арзиши 24,1 млн. сомонӣ ворид гардида, арзиши умумии барнома 1 млрд. 445,6 млн. сомони пешбинӣ гардидааст.