ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони шарафманди шаҳри Бохтар!

Бо камоли эҳтиром ва муҳаббати самимӣ Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун муқаддастарин санаи тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистон арҷ гузошта мешавад, сидқан табрик мегӯям.
Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу осоиштагӣ, балки пояи асосии ҳастии давлати тоҷикон ва заминаи тамоми пешрафтҳои имрӯзаи кишвар маҳсуб меёбад. Ба туфайли ин рӯйдоди таърихии 27 июни соли 1997, кишвари мо аз вартаи низои бародаркуш наҷот ёфт ва ба роҳи созандагиву рушд ворид гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки: «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва арзиши беназири таърихи навини мост. Маҳз бо шарофати ваҳдат мо тавонистем, ки давлату миллатро аз хатари нестӣ раҳонем ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ намоем».
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳамчун марказ маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар дар замони Истиқлол ва ваҳдат ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гашта, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, роҳу кӯпрукҳо, муассисаҳои таълиму тандурустӣ ва марказҳои хизматрасонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд.
Мо бояд ваҳдатро, ки бо хунбаҳои фарзандони кишвар, бо ҷоннисориҳои миллати тамаддунофари тоҷик ба даст омад, ҳамчун гавҳари бебаҳо эҳтиёт кунем ва барои таҳкими он ҳар рӯз кӯшиш намоем.
Тавре Пешвои миллат фармудаанд: «Сулҳу ваҳдат мисли обу ҳаво барои ҷомеа заруранд. Ҳифзу таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар аст».
Мардуми сарбаланди шаҳри Бохтар:
Боварӣ дорам, ки Шумо ҳамчун ҷонибдори воқеии ваҳдату ягонагӣ ва пуштибони сиёсати Пешвои миллат минбаъд низ дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат — расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, рушди инфрасохтор, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми назаррас хоҳед гузошт.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи Шуморо бори дигар бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, осоиштагӣ, файзу баракати рӯзгор ва ваҳдату якдилии ҷовидона орзу менамоям!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!