Аёдати хонаводаи сарбози ҷонфидои Ватан Мениқулов Асләм дар шаҳри Бохтар
Аёдати хонаводаи сарбози ҷонфидои Ватан Мениқулов Асләм дар шаҳри Бохтар
Бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастуру ҳидоятҳои раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хонаводаи сарбози ҷонфидои Ватан Мениқулов Асләмро аёдат карданд.
Зимни мулоқот масъулин ҷасорату садоқати ин фарзанди далери миллатро қадрдонӣ намуда, таъкид карданд, ки ҷоннисории ӯ дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша дар хотири миллат боқӣ хоҳад монд.
Ба аъзои хонаводаи Мениқулов Асләм кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, изҳори сипос гардид, ки фарзандони ҷонфидои Ватан ифтихори миллатанд ва номашон дар саҳифаҳои таърихӣ сабт хоҳад шуд.
Ин гуна аёдатҳо нишонаи арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои сарбозону афсарони далер буда, дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим мебозанд.