МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Сарбозон ба Осорхонаи Пешвои миллат сайёҳат карданд

Сарбозон ба Осорхонаи Пешвои миллат сайёҳат карданд

Дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, як гурӯҳ сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Бохтар ба Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ҷойгир аст, сайёҳат карданд.

Ин ташаббус бо дастгирии ККВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” роҳандозӣ гардида, ҳадафаш ошно кардани сарбозон бо таърихи давлатдории навини тоҷикон ва хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими истиқлолият ва рушди кишвар мебошад.

Зимни боздид сарбозон бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуда, аз ин сафар ва имкониятҳои фароҳамшуда изҳори сипос карданд. Чунин иқдомҳо барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллӣ аҳамияти калон доранд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *