МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Боздидҳо Мулоқотҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Ҳадяи китоб ба муҳофизони Ватан дар доираи аксияи “Ҳадяи китоб ба муҳофизи Ватан”

Дар ин чорабинӣ, дар баробари раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои қудратии шаҳр, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва дигар фаъолон низ ширкат варзида, ба сарбозону афсарон китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихӣ ҳадя карданд.

Раиси шаҳр зимни суханронӣ қайд кард, ки китоб сарчашмаи дониш ва маърифат буда, мутолиаи он ба рушди ҷаҳонбинӣ, такмили дониш ва худшиносии ҳар як шахс, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки муҳофизони Ватан бояд на танҳо қавиирода ва шуҷоъ, балки донишу маърифати баланд дошта бошанд, то тавонанд бо дарки масъулияти баланд ба халқу миллат хизмат намоянд.

Мақсади аслии ин иқдом – ҳавасманд гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ ба китобхонӣ, баланд бардоштани маънавият ва худшиносии онҳо, инчунин ташаккули ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Ҳамзамон, раиси шаҳр ва дигар намояндагони мақомот аз талошҳои шабонарӯзии сарбозон барои ҳифзи суботу амният изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки мустаҳкамии қудрати ҳарбӣ на танҳо бо силоҳ, балки бо донишу маърифат низ вобаста аст.

Сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ ин ташаббуси некро бо хушнудӣ истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки мутолиаи китобҳо ба худшиносӣ, баланд бардоштани саводи сиёсӣ ва маънавии онҳо кӯмак хоҳад кард.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *