ДАР ШАҲРИ БОХТАР БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР ВА РОҲБАРОНИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИ, МАСЪУЛИНИ БАХШҲОИ ШАҲРДОРИ ҶАЛАСАИ КОРИ ДОИР КАРДАШУД
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод маҷлиси назоратӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини бахшҳои шаҳрдорӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла тақвияти корҳои ободонӣ, тоза ва назаррабо намудани кӯчаву хиёбонҳо, шинонидани гулу ниҳолҳои ороишӣ, беҳсозии муҳити зист ва ташкили шароити мусоид барои сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин рафти иҷрои нақшаҳои чорабиниҳои ҷашнӣ ва корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои дар пешистода муҳокима карда шуд.
Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ба масъулин таъкид намуд, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ бояд корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият дода шаванд. Изҳор дошт, ки тозагиву шаҳомати шаҳр на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти ҷойдоштаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳамзамон, роҳбарони воҳидҳои шаҳрӣ оид ба рафти иҷрои корҳо ҳисобот дода, оид ба мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳодҳои дахлдор манзур намуданд.
Ба масъулини сохторҳои дахлдор супориш додашуд, ки камбудиҳои мавҷударо дар муҳлатҳои кутоҳ бартараф намуда, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, нигоҳдории инфрасохтор ва ободонии шаҳр тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар анҷоми маҷлис Абдулмаҷид Муминзод ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, иҷрои босифат ва саривақтии онҳоро зери назорат қарор дод.
Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар










