Дар миёни ҳазорҳо арзишу муқаддасоте, ки мардуми шарифи тоҷик онро гиромӣ медорад, Ваҳдати миллӣ баландтарин мақом ва олитарин арзишро соҳиб аст. Ин неъмати бебаҳо дар рӯҳия ва тафаккури ҳар фарди бедордил ва ватандӯст ҷой гирифта, имрӯзи обод ва фардои дурахшони миллатро таъмин кардааст.

Ваҳдат, пеш аз ҳама, маънои ягонагӣ, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоиштаро дорад. Он муҳтавои зиндагии созанда ва меҳвари ҳастии миллат аст. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистони маҳбуб таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу шукуфон ва муаррифигари фарҳангу тамаддуни миллӣ табдил ёфтааст.
Санаи таърихии 27-уми июни соли 1997 на танҳо рӯзест, ки дар он созишномаи сулҳ ба имзо расид, балки оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон мебошад. Марҳилае, ки баъд аз солҳои тира ва пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ ба миллат умед бахшид ва бори дигар собит сохт, ки миллате бо чунин Пешво ва фарзандони бедордил метавонад аз ҳар гуна фоҷиа раҳо ёфта, сӯи фардои дурахшон раҳсипор шавад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои пурошӯб чун сипари миллат, бо иродаи қавӣ, азми матин ва муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, сулҳу оштӣ ва оромиро ба Тоҷикистон эҳдо намуданд. Ба шарофати ҷоннисорӣ ва масъулияти бузурги ин абармард миллат аз парешониву нобасомониҳо раҳо ёфт ва ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадам ниҳод.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ дигар як мафҳуми хушку холӣ нест, балки воқеияти равшани ҳаёти мост. Ин ваҳдат аст, ки дар чеҳраи модар табассум бахшид, кӯдаконро ба мактабҳои муҷаҳҳаз ва ҷавононро ба донишгоҳу коргоҳҳои замонавӣ роҳнамоӣ кард. Ин ваҳдат аст, ки дар шоҳроҳҳои кишвар нури рушноӣ, дар саҳроҳо ҳосили фаровон ва дар қалбҳо умеду бовариро ҷой дод.
Мо ҷавонони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд шукронаи чунин неъмати бузург намоем ва дар таҳкими пояҳои сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат саҳми босазо гузорем. Моро мебояд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо ва чароғи ҳидоят пайравӣ намуда, рисолати шаҳрвандии худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.
Ба ифтихори фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ҷашни муқаддас ва сарнавиштсоз, кулли ҳамватанони азизро бо самимияти хоса муборакбод мегӯям. Орзуманди он ҳастам, ки дар хонадони ҳар як фарзанди тоҷик сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва файзу баракат ҳукмфармо бошад!
Умеди Эмомалӣ, ёрдамчии раиси шаҳри Бохтар