МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо Рӯйдодҳо Сохтор Суханрониҳо Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 17 июни соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъулони сохторҳои шаҳрӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шахсони дахлдор иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст
Аз ҷумла, ҷараёни омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар шаҳр, таҳкими корҳои идеологӣ ва масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо аз мавзуъҳои асосии ҷаласа буданд.
Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод дар суханронии худ вобаста ба ҳар як масъала изҳори назар намуда, аз масъулин тақозо кард, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Мавсуф таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир роҳандозӣ шаванд, масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шавад ва дар партави сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти таҳкими маърифати ватандорӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ тақвият дода шаванд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, иҷрои саривақтии онҳоро зери назорати доимӣ қарор дод.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *