Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиев дар Бохтар
Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиев дар Бохтар
Дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзода, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (МИМҲД) иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат карданд.
Сафаралӣ Файзалиев, собиқадори ҷанг, соли 1923 дар деҳаи Хосами ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Солҳои 1938-1941 дар Кумитаи мададгори мудофиавии ҳарбӣ таҳсил намуда, бо оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар синни 18-солагӣ ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мешавад.
Соли 1944 ба ҷабҳа сафарбар шуда, дар ҳайати полки Байрақи Сурхдори 229, ки ба фронти Украина шомил буд, хизмат кардааст. Дар муҳорибаҳои озодкунии шаҳрҳои Курск, Воронеж, Киев ва дигар манотиқи ишғолшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, ҷасорату мардонагии худро нишон додааст.
Сафаралӣ Файзалиев дар майдони ҷанг ду маротиба маҷрӯҳ шуда, баъд аз сиҳатёбӣ ҳамчун маҷруҳи гурӯҳи дуюм дар аэродроми ҳарбии шаҳри Қазони Тотористон хизматро идома дода, хабари Ғалабаро низ дар он ҷо шунидааст.
Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, ӯ фаъолияташро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ идома дода, дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда гузоштааст. Дар чорабиниҳои муҳими шаҳр иштироки фаъол дошта, намунаи ибрати насли наврас ва ҷавонон мебошад.
Барои хизматҳои шоистаи худ бо ордени «Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 2», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «25-солагии Ғалаба», «Жуков» ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.
Имрӯзҳо Сафаралӣ Файзалиев дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Дар аёдат ба ӯ кӯмаки яквақта аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ расонида шуда, масъулин барояш тандурустӣ ва умри дароз таманно намуданд.
Маркази матбуоти МИМҲД шаҳри Бохтар