Имрӯз раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод аз участкаҳои интихоботии шаҳр боздид намуда, ҷараёни омодагиҳоро барои баргузории интихобот мавриди санҷиш қарор дод.
Зимни боздид, ӯ бо масъулони комиссияҳои интихоботӣ суҳбат карда, оид ба таъмини шаффофият, шароити мусоид барои интихобкунандагон ва омодагии техникӣ таъкид намуд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба амнияти интихобот ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъулон таъкид карданд, ки тамоми чораҳо барои баргузории интихоботи озоду шаффоф андешида шудаанд.