МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Боздидҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар МТМУ №6 боздид намуд

 

Имрӯз раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 боздид ба амал овард.

Зимни боздид, ӯ бо масъулони сохтмон ва намояндагони муассиса мулоқот намуда, аз сатҳи пешрафти корҳо ва сифати иҷрои онҳо шинос шуд. Ба иттилои масъулон, айни ҳол корҳои сохтмонӣ ба марҳилаи анҷомёбӣ расида, таъмиру тармими синфхонаҳо, толорҳои таълимӣ ва инфрасохтори муассиса идома дорад.

Ҳамчунин, раванди насби таҷҳизоти зарурӣ барои беҳтар намудани шароити таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои муосири таълим анҷом дода шаванд.

Масъулони сохтмон изҳор доштанд, ки тамоми корҳо тибқи нақша пеш рафта, муассиса дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *