Раиси шаҳри Бохтар бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозони қисми ҳарбии 07256-ро аёдат кард
Имрӯз, 20 феврал, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 07256 мулоқот намуд.
Зимни аёдат, раиси шаҳр ҳайати шахсиро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, нақши Қувваҳои Мусаллаҳро дар таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар махсус таъкид кард. Ӯ афзуд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ба як сохтори муназзам ва боэътимод табдил ёфтаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳалӣ ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамеша бо таваҷҷуҳи хос ба шароити хизмат ва зиндагии сарбозон муносибат намуда, барои беҳтар гардидани вазъи онҳо талош меварзад. Дар ҳамин замина, ба муносибати иди ҳомиёни Ватан бо ташаббуси мақомоти шаҳр барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Сарбозон ва афсарон барои ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати маҳаллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулият адои вазифа мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, имрӯз ба як сохтори нерӯманд ва боэътимод табдил ёфтааст. Ҳукумати мамлакат пайваста барои таҳкими қудрати мудофиавии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматчиёни ҳарбӣ чораҷӯӣ мекунад.