ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ ЯХМОС ВА ОБҲОИ ТАШНАШИКАНИ ВИЛОЯТ ДАВРИ ҲАМ ҶАМЪ ОМАДАН

Шоми 28 июли соли равон дар майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар даври вилоятии “Фестивали яхмос ва обҳои ташнашикан” баргузор гардид, ки дар кори он Амонулло Салимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилоят ва Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ва дигар масъулини сатҳи вилоятию шаҳри иштирок доштанд.
Саравал масъулин ва баргузоркунандагони Фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолкунандаи яхмос ва обҳои ташнашикан боздид намуда ба сифату ороиши маҳсулотҳои ба намоишгузошта баҳои баланд доданд.
Сипас Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон дар назди ҳозирин вобаста ба тавваҷӯҳи ҳукумату давлат ба соҳаи саноат ва саҳми соҳибкорон ба иқтисоди кишвар суханронӣ намуда иброз дошт, ки: “Дар партави сиёсати созандаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони кишвар имконият пайдо карданд, ки чорабиниҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иштирок намуда, пайваста кору фаъолияти хешро равнақ диҳанд”.
Дар охири чорабини аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолибони фестивал муайян ва соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардиданд.
Чуноничӣ шаҳри Бохтар ва ноҳияи Қубодиён ба гирифтани мақоми аввал, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара сазовори ҷойи дуюм, шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин ҳамаи соҳибкорон барои иштироки фаъолонаашон дар кори Фестивали мазкур бо сипосномаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар суруду таронаҳои тараннумгари ваҳдату ҳамдилӣ пешкаш шуд. Дар ин баробар рақсҳои ҷолибу хотирмони ансамбли рақсии “Ситора”-и шаҳри Бохтар ба чорабинӣ таровати дигар зам кард.

You may also like...