Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин бахшида ба 76 солагии рӯзи Ғалаба бар фашизм

Имрӯз аҳли  башар аз ҷумла сокинони шаҳри Бохтар 76  солагии рӯзи Ғалаба  бар фашизмро дар рӯҳи болида ва эҳсоси баланди гарми ватанпарварӣ, хештаншиносию башардӯстӣ  ҷашн  мегиранд.

Ба ин муносибат ҳамаи сокинони шаҳри бохтар ва мардуми шарифи Тоҷикистонро табрику таҳният менамоям.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 22-июни  соли 1941 дар  таърихи  асри  XX  ҳамчун оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт  ёфтааст ва мудҳиштарин ҷанг дар таърихи башариат қайд шудааст.

Аз рӯзҳои аввали ҷанг  собиқ  халқи Шуравӣ  бар зидди аду  ба набард баромад, ки дар таърих бо хатҳои зарин сабт ёфтанд.     Аз ибтидои  саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонон,  мардони Тоҷикистон низ  ба муҳорибаи  зидди истилогарони  асри  XX  бархостанд.

Бисёриҳо дар  майдони муҳориба баҳри Ватан-Модар ҷони  худро  супориданд. Дар майдони  шадиди ҳарбу зарб  байни  намояндагони  миллату  халқиятҳо  тифоқию ваҳдат, ҳисси  баланди  ватандӯстӣ  мавҷуд  буд.

Мароми  онҳо дифои  обу хоки  ватан ва халқи азизи  хеш  буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фронт танҳо  дар майдони набард  не,  балки ақибгоҳ ҳам  ба  фронти ҳақиқӣ табдил  ёфта буд. Дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанг сокинони ватандӯсту ватанпарвари  шаҳри Бохтар низ  дар ақибгоҳ  мардона фаъолият карда, дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми  босазои худро  гузоштанд.

Маҳорат, диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки  фарзандони Тоҷикистон нишон додаанд, сазовори  таҳсин аст.

Барои корнамоиҳои ҷангӣ 54 нафар  фарзандони Тоҷикистон  сазовори  Унвони Оли Каҳрамони Иттифоқи Советӣ  шудаанд, ки 2 нафарашон  Тошенко В.Н ва Димитриев А. аз шаҳри Бохтар мебошанд.

Ғалабаи  бузург бар  фашизм  исбот намуд, ки  дар ҳама  ҳолат сарчашмаи  аввалиндараҷаи  пирӯзӣ ин доштани  марому   мақсади  ягона, иттиҳоду якдилӣ, ватандӯстӣ, дӯстии халқияту миллатҳо, ваҳдат ва мукаддас  донистани  марзу  бум ва ҳимояи Ватан  мебошад.

Бояд тамоми ҷомеа, алалхусус  насли ҷавон аз садоқату мардонагии падару бобоҳоямон сабақ  омӯхта,  маҳз  дар ҳамин  руҳияву   мароми мағлубнашаванда  тарбия  ёбанд. Зеро  ояндаи Тоҷикистони азиз ба эҳсоси  баланди  ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва  ифтихори миллӣ доштани ҷавонон  вобаста аст.

Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пеши роҳи бесарусомониҳо ва нофаҳмиҳои чанд сол ба ҳама маълум  гирифта шуд, ба сулҳу салоҳ  муваффақ  шудем ва ваҳдати миллию ободонии ватанро бузургтарин ҳадафи худ қарор додем.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикисторо  аз номи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар   бо ин иди «Зафар» иди  пуршараф табрик мегӯям.

Бигзор сулҳу аммонию Ваҳдати Миллӣ дар ватани маҳбуби мо  поянда  ва  ҷовидон  бошад.

You may also like...