11 ДОНИШҶӮ БО ХОҲИШИ ХУД БА ХИЗМАТИ МОДАР – ВАТАН МЕРАВАНД
Дар кохи фарҳанги ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳти раëсати раиси шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо донишҷӯëне, ки имсол донишгоҳи мазкурро хатм мекунанд, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ комиссари Гарнизони Хатлон полковник Умед Солеҳзода, ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода ва устодону донишҷӯëн иштирок доштанд.
Раиси шаҳр мактаби мардонагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ҳифзи ватан намунаи ибрат ва барои ҷавонон муҳим арзëбӣ намуд. Дар ин баробар аз донишҷӯëн даъват ба амал оварда шуд, ки аз ин мактаби мардонагӣ бигзаранд.
Инчунин, якчанд донишҷӯе, ки ихтиëран соли сипаригардида ба хизмати модар-ватан пайваста буданду ҳоло мураххас шудаанд, баҳри донишҷӯëн аз давраҳои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қиссаҳо карданд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ байни донишҷӯëн ва аҳли раëсат саволуҷавоб атрофи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сурат гирифт.
Дар ҷамъбаст 11 нафар аз донишҷӯëн, ки имсол қарор аст, донишгоҳро хатм намоянд, бо хоҳиши худ барои сафарбар шудан ба сафи Артиши миллӣ сабти ном карданд.
Инчунин, Сайфиддин Давлатзода, ректори донишгоҳ, ба донишҷӯëни аз хизмати ҳарбӣ баргашта ифтихорнома ва туҳфаҳои молӣ тақдим кард.