“САВДОИ ОДАМОН ҶИНОЯТ АСТ”
Тибқи барқияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баргузории чорабиниҳо дар самти муқовимати савдои одамон имрӯз дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар мизи мудаввар доир гардид.
Дар он мудири бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин, директори маркази ҷавонон Сафаров Давлатёр ва сармутахасиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Атозода Зайниддин иштирок ва баромад намуданд.
Иброз гардид, ки асри XXI имрӯз дар баробари шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, чун замони афзоиши хатарҳои гуногуни умумибашарӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва як қатор дигар ҷараёнҳои халалдоркунандаи осоиштагӣ идома доранд. Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.
Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гуна андешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.