ДАСТУРҲОИ РАҲНАМУНСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИДОЯТИ МАРДУМ БА РОҲИ ПУРСАОДАТИ ЗИНДАГӢ МЕБОШАД.
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин нишона аз соҳибихтиёрии давлат ва озодиҳои динӣ дар кишвар мебошад. Воқеан ҳар як сухании ин абармарди бузург роҳнамои миллат аст. Моро водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуну хурофот бовар накунем Тоҷикистони биҳиштосоямонро дӯст дорем, барояш содиқона хизмат намоем, ба худу оилаамон ва ҳам ҷомеа манфиат биёрем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохури қайд намуданд, ки “Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.
Миллати тоҷик соҳиби тамаддуну фарҳанги бағоят бузург мебошанд, ки мислаш назир надорад. Донишманди рус Н.В. Хаников низ барҳақ қайд кардааст, ки “Тоҷикон нахустин шуда, ба инсоният тамаддуни воло, адолат, некӣ, забони муоширати ягона ва донишу хирадмандӣ омӯхтаанд”. Дар ҳақиқат, тоҷикон миллате мебошанд, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ бо офаридани маданияти беназири хеш саҳми арзишманде гузоштанд. Бо шарофати истиқлолият арзишҳои динӣ ҳамчун арзишҳои олии умумиинсонӣ мақому манзалат касб намуданд ва аз бисёр ҷиҳат ҳаёти ҷомеаро адолатнок танзим менамоянд. Дар ин самт дастгирӣ таакидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳидоятгар ва роҳнамо аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди муътадили фазои андешаи динӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ бо роҳи зинда намудани номи бузургони фарҳанги исломӣ, чопи асарҳои илмӣ ва дини тамаддуни исломӣ хизмати арзанда намуда, дар шинохти исломи асил ва муътадил дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу муосир саҳми беандоза бузург гузоштанд. Тавре ҳамаи мо шоҳид гаштем дар мулоқот Пешвои маҳбуби миллат дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар ин самтҳо бо далелҳо исбот намуданд. Эҳёи дубораи таълимоти Имоми Аъзам ҳамчун роҳи моро ва оини ақлонӣ, бузургдошти 1310 умин солгарди ин шахсияти бузурги таърихӣ худ як саҳифаи дурахшони рушди фарҳанги динӣ ва миллии халқи Тоҷикистон буд, ки дар мулоқот таъкид гардид.
Воқеан ҳам бузургонро бузургон зинда мегардонанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо ширкати донишмандони машҳури ҷаҳони ислом аз 55 давлати дунё 1310-солагии ассосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, ҳамчунин, шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ абни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд, инчунин асарҳои онҳо бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид, ки ин як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Инчунин бо дастури Роҳбари давлат се маротиба нашр намудани китоби Қаръони карим, яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – “Тарҷумаи тафсири Табарӣ”, “Ҳидоя”-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, “Саҳеҳ”- и Имом Бухорӣ, “Муқаддима”-и ибни Халдун ва асарҳои дигарӣ мутафаккирони бузурги исломӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуд. Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шаҳри Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид, ин гувоҳӣ медиҳад, ки миллати тоҷик дар ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидан он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.
Дар Тоҷикистон 99% сокинони кишвар пайрави дини мубини ислом ҳастанд. Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60% мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқотмандони дини исломро ташкил медиҳад. Мазҳаби ҳанафӣ ба шароити ҳар давру замони муосир мутобиқат дорад, инсонро беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад. Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохури қайд намуданд, ки яъне вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгариву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем. Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Имрӯз дар Тоҷикистон 4 – ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд.
Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Сохтмони бинои наву ҳозаразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Аз ин ру, мо бояд дарк намоем, ки шахсе зиёрати ҳаҷ мекунад, ки худ ва аҳли оила, аз ҷумла фарзандонаш дар шароити хуб қарор дошта бошад. Аммо мутасифона имрӯз баъзе нафароне ҳастанд, ки шароити зиндагиашон он қадар хуб нест, фарзандони ноболиғ доранд ва ҳанӯз вазифаҳои падарию модариро иҷро накарданд, аммо маблағи ҷамъкардаашро дар зиндагиаш сарф намекунаду ба зиёрати ҳаҷ мераванд. Хуб мешуд, ки маблағи ҷамъкардаашро ба ятимон, ҳамсояи муҳтоҷаш хайр мекард ва дили онҳоро хурсанд мегардонд. Яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ дар ин маврид хуб гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Ҷаноби олӣ дар мулоқоташон иброз доштанд, ки мо тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакарда мутобиқ ба арзишҳои умуммибашарӣ мебошад. Ишораи Пешвои миллат ба ин буд, ки Ҳукумат намегузорад, ки касе ва ё гуруҳе дар зери парчами демократия табар ба решаи арзишҳои умумиинсонӣ занад, Конститутсия ва ќонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро вайрон кунад, байни мардум тафриқа андозад ва мардумро ба мухолифат даъвату ҳидоят намояд. Ҳамчунин Пешвои миллат дар мулоқоташон иброз доштанд, ки 99 фоизи мардуми Тоҷикистон мусулмон аст. Новобаста аз ин дар кишвар намояндагони дину мазҳабҳои дигар низ кам нестанд. Барои ба ҷо овардани эътиқоди динии халќҳои дигар низ дахолат намекунад. Вале ин маънои онро надорад, ки пешвоёни дин ба корҳои давлатӣ дахолат кунанд, мардумро ба мусулмонону кофирон тақсим намоянд ва байни мардум низоъ ангезанд. Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода шавад. Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи се бо роҳҳои мурракабу печида инсониятро ба сўи ояндаи пурасрор ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳодисоти он ба бузургтарин ашхоси илмии даврони нав ба осонӣ ба даст намеояд. Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудану роҳбари хирадмандро интихоб кардан бузургтарин неъмат буд.
Ҳеҷ неъмате, ҳеҷ арзише дар зиндагии инсон бидуни ҳикмат ва заҳмате муяссар нахоҳад шуд. Маҳз дар ин мулоқот Пешвои тоҷикони ҷаҳон мардуми Тоҷикистонро ба худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ даъват намуданд. Чанд маротиба ба руҳониён муроҷиат карданд, мақсад аз ин таакидҳо дар он аст, ки Пешвои миллат ба аҳли дин эҳтиром доранд ва арбобони руҳонӣ метавонанд дар тарбияи маънавӣ, якдигарфаҳмии одамон ба ҷомеа кӯмак кунанд. Мулоқоти баргузоргардида ба андешаи мо саривақтӣ ва ба манфиати мардуми кишвар буд, зеро мо хуб дар ёд дорем, он рӯзҳои мудҳишу даҳшатбори солҳои навадуми асри гузаштаро. Маҳз зиёдаравиҳо, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ба мо номаълум боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки солҳои навадум соҳибистиқлол гардиданд, ба қадри ин неъмати бебаҳо хуб расиданд, шукри истиқлолият намуданд, ба ободу хурам сохтани Ватани худ камари ҳиммат бастанд. Аммо сад афсус, ки дар ватани азизи мо Тоҷикистон чунин нашуд. Ҷоҳталабону қудратталабон, руҳониёне, ки солиёни зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқололии Тоҷиикстонро намехостанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳиси носолими маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Сатҳи зиндагии мардум поин рафт, ахлоқи ҷомеа тағйир ёфт, умеду орзуҳои неки мардум барбод рафт.
Миллати тоҷик дар тули 32-соли истиқлолият ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, мутасифона нафароне ҳастанд, ко бо сабаби надоштани дониши кофи ба қадри чунин дастовардҳо намерасанд. Мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем. Бояд ҳар сокини мамлакат шукрона аз он кунад, ки дар давлати тинҷу ором зиндагӣ мекунад, ба қадри Сулҳ ваҳдати миллӣ бирасад ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва ба ояндагон мерос гузорад.
Иброҳимзода Неъматулло-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар