ОБОДӢ ВА САРСАБЗИИ ШАҲР МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ

Дар партави сиёсати ободкорона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳри Бохтар аксияи тозагӣ доир гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ тозагии муҳити зист, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, сабзу хуррамгардонии кучаю маҳаллаҳо, тоза намудани ҷую заҳкашҳо ва тозагии ҳудуди шаҳр мебошад.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло кормандони Мақомоти иҷроия, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маориф, Тандурустӣ, Бахши ҳифзи муҳтити зист, комуналӣ ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва сокинон бо як руҳияи баланди созандагӣ, ободкорӣ ва кабудизоркунии маҳалли зист, кӯчаю хиёбонҳо иштирок намуда, саҳми назарраси хешро дар ободонии маҳал гузошта истодаанд.

 

You may also like...