МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Рӯйдодҳо Сохтор Суханрониҳо Хабарҳо

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

19 сентябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм -фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб ҳавасманд гардонида шуданд.

Раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло дар назди ғолибони даври шаҳрии озмунҳо баромад карда, иброз намуданд, ки озмунҳои мазкур бо ташаббус ва иқдомҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, сарпарасти озмунҳо Ҷаноби олӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд бо чунин шахси маорифпарвар ва бузург ифтихор намоем. Зеро аз ғамхорию ташаббусҳои дурандешонаи Пешвои муаззами милат ҷомеа рушд карда истодааст.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Комиссияи даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолибон муайян гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 60 нафар дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 79 нафар дар озмуни «Илм -фурӯғи маърифат» ва 62 нафар дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 аз ҷониби раиси шаҳр ҳавасманд гардонида шуданд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *