Санаи 22 сентябри соли 2023 дар ҷамъовари ҳосили пахтаи филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло, ва масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшиданд.
Ба раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки имсол филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон дар масоҳати 85 гектар пахта, 30 гектар гандум, 8,5 гектар картошка, 23 гектар сабзавот, 2 гектар ҷуворимакка барои дон, 6,2 гектар ҷуворимакка барои селос, 36 гектар юнучқа кишт намудаанд.
Инчунин ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, барои кишти такрории дар 1 гектар картошка, 2 гектар сабзавот, 12 гектар ҷуворимакка барои дон, 20 гектар ҷуворимакка барои селос ва 1 гектар шолӣ кишт карда мешавад.
Дар филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон барои намоиши навъҳои нави ватанию хориҷӣ 30 навъи пахта, 16 навъи юнучқа, зиёда аз 20 навъи зироатҳои ғаладонагӣ ва фосилавӣ, лаблабу ва ҷуворимакка ташкил карда шудааст.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон раиси шаҳр муҳтарам Баротзода Файзулло ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.