ШАҲРИ БОХТАР. ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

Санаи 12-уми сентябри соли 2023 таҳти раёсати раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.

Дар корӣ ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи корӣ аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо пурсишҳо ба амал оварда барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи шаҳр, тозаю озода нигоҳ доштани боғҳои фарҳангию фароғатӣ кучаю хиёбонҳо ва саҳни идораю муассисаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас расонида шуд.

Дар баробари ин раиси шаҳр масъалаҳои сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати тирамоҳи, шинондани гулҳо дар роҳравҳою кӯчаҳои шаҳр, баровардани партовҳо, назорати хонандагон ба дарсҳо, раисони кумитаи маҳал ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд.

Ҳамзамон раиси шаҳр оид ба вазъи ноороми ҷаҳон суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҳизбҳои мамнӯъ, салафия, ҳизби наҳзат ва оид ба пешгири онҳо, инчунин таълимоти ғайриқонунӣ динни, ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ибрози ақида намуда гуфта шуд, ки дар байни аҳолии шаҳр корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бурда шавад.

You may also like...