БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ МИЁНИ ҶАВОНОНИ 14- 16 СОЛА ОМӮЗГОРОН ВА ВОЛИДАЙНИ ОНҲО ДАР САМТИ ҲАМОҲАНГ СОХТАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИДЕОЛОГӢ ВА ТАҚВИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

ШАҲРИ БОХТАР. 

Имрӯз 20-уми сентябри соли 2023 дар муассисаи таълимии №3- и шаҳри Бохтар миёни ҷавонони 14- 16 сола, омӯзгорон ва волидайни онҳо вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони ”Ҷавонон – Паём ва манфиатҳои миллӣ” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар Нурзода Усмоналӣ, намояндагони шуъбаи ВКД дар шаҳр, намояндаи шуъбаи маориф ва роҳбари муассиса ширкат доштанд.

You may also like...