ОБОДИИ ШАҲР МАРОМИ МОСТ!

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусхои созанда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар баробари бунёд гардидани иншооти гуногун, таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дорои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои маҳаллӣ низ идома дорад.

Бо ин мақсад аз ҷониби ташкилоти “Роҳсоз” соҳибкорону сокинон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳо роҳи маҳаллаи Ҳоҷи Шариф ҳамвору азнавсози ва роҳҳои байни маҳаллаи Ҳаёти Нав сангфарш карда шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки корҳои азнавсози ва сангфаршкунию мумфаршкунии роҳҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани сомои шаҳр бо маром идома доранд.

You may also like...