Табрикоти И.в. Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ба муносибати 111 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик
Муҳтарам намояндагони матбуот ва воситаҳои ахбори омма!
Дар кишвари маҳбубамон ҳамасола 11 – март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Тавре ба ҳамагон маълум аст таърихи матбуоти тоҷик аз нашр гардидани рӯзномаи «Бухорои шариф», ки руйдод ба санаи 11 марти соли 1912 рост омадааст сарчашма мегирад. Соҳаи матбуот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бошад рушду нумуи тоза ёфта, бо худ ҷилои нав гирифт.
Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба матбуот чун тарғибгари сиёсати берунаю дохилии мамлакат, паҳнкунандаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар иқтисодиёт, мусоидкунанда ба инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҳаёти халқ баҳои баланд медиҳад. Зеро матбуоти тоҷик дар қатори дигар воситаҳои ахбори омма аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи ватанхоҳона гирифт, ба ташаккули худшиносиву худогоҳии халқ саҳми арзанда гузошт.
Имрӯзҳо инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи намояндагони васоити ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад.
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккули афкори ҷомеа расонаҳои хабарӣ нақши муҳиму арзанда доранд. Имрӯз вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти аҳли қалам беш аз пеш зиёд гардида, аз ҳар як корманди матбуот ва васоити ахбори омма тақоза менамояд, ки дар инъикоси воқеии масъалаҳои глобалӣ, хусусан дар интишори мақсад ва ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб маводҳоро нуктасанҷона пешниҳоди ҷомеа гардонанд.
Имрӯз матбуоти тоҷик, ки таърихи ибратбахш дораду аз рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» нахустмаҷаллаи тоҷикии «Оина» ибтидо мегирад, васфи истиқлол мекунад, музаффариятҳои кишварро дар даврони истиқлолият бо хатҳои заррин менависад. Таърихи пурпечутоби миллат, симои инсонҳои муътабари онро баъди асрҳо дар пеши назарҳо ҷавлон мезанонад. Вай ҷавлонгоҳи қаламкаш, ҳидоятгари мардум ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гаштааст. Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 500 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот!
Соли ҷорӣ барои ҳар фарди мамлакат соли таърихӣ ба ҳисоб рафта, мардуми меҳнатдӯсти мамлакат 32-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбуби худро таҷлил менамоянд. Дар саросари кишвар ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ нақшаҳои созанда ба тасвиб расида, бунёдкориву ободонӣ муташаккилона идома доранд.
Корҳои созанда ва ободонӣ боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини диёр буда, аз аҳли эҷод тақозо менамояд, ки тариқи мақолаву маводҳои чопӣ эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавононро баланд бардошта, ҷиҳати рушду пешрафти диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.
Саломату сарбаланд бошед!