Ҷаласаи Шўрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ, дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ҷаласаи Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар ҷаласа, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳр- раиси Шўро, Мирзозод Нурулло, муовини авали раиси шаҳр-муовини раиси Шўро, Чиллазода Ш. – котиби Шўро ва аъзоёни Шўро, инчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, воҳидҳои сохтории дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳри Бохтар, сархатиби шаҳр, намояндагони воситаи ахбори умум, иштирок доштаанд.
Саравал, ҷаласаи Шўроро раиси Шўро-раиси шаҳри Бохтар мўҳтарам Саломзода Сиҷоуддин, кушода, аҳли толорро бо рўзномаи ҷаласаи Шўро шинос намуд. Баъдан баррасии масъалаҳои рўзномаи ҷаласа оғоз гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои зерин: Таҳлили ҳолатҳои иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва барномаи таълим ва тарбияи хуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, дар фаъолияти кории идораву корхонаҳои шаҳр аз ҷониби прокурори шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳи ҳайати Шӯро қарордошта ин ба таври васеъ гузаронидани мизҳои мудаввар, конференсия, семинарҳо ва вохуриҳо дар мавзӯъҳои дахлдори ҳуқуқӣ, ки аз ҷумлаи афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон, зичтар ба роҳ мондани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, бахусус дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти форомиллӣ касб кардаанд, аз ҷониби сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар, генерал-майори милитсия Орифзода Н, баррасӣ гардид. Дар ин баробар, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, Шарифзода Ш, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Шерализода Г, доир ба ташкил ва баргузор намудани семинарҳо ва вохӯриҳои иттилоотӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқдонии занон ва наврасону ҷавонон нигаронида шудааст ҳисобот доданд.
Раиси Шўро иброз намуд, ки гузаронидани судҳои сайёр, аз як тараф ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбӣ расонад, аз тарафи дигар ба мардум кирдорҳои ғайриқонунии шахсони алоҳида, огоҳонида шуда, дар байни мардум муҳокима ва ба ислоҳи шахсони гунаҳкор инчунин ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Дар ҷаласаи Шўро оид ба масъалаҳои баррасӣ шуда аъзоёни Шӯро, Мирзозода Нурулло, Орифзода Н. ва Чиллазода Ш. фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда ва дар ҷамбасти ҷаласа, қарори дахлдори Шўро қабул карда шуд.
Пас аз қабули қарор, раиси Шўро, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, масъулини соҳаҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро оиди омодагиҳо барои дар сатҳи баланд ташкил ва пешвоз гирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оиди тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашнҳои рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр), рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва рузи Парчами давлатӣ (24 ноябр) вазифадор намуда, дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти
раиси ш. Бохтар