Шоми 14-уми октябри соли 2021, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ситоди омодабошӣ таҳти раёсати Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар ситод Низом Мирзозода, муовини раиси вилоят, роҳбарони идораю ташкилоти шаҳри Бохтар ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи раиси шаҳри Бохтар ширкат доштанд.
Дар ситод масъалаҳои зебогардонию тозасозии гулгашту хиёбонҳо, рангубор намудани иншоотҳои истиқоматӣ, танзими ҳаракати нақлиётҳои ҷамъиятӣ, равшаннамоии хатҳои ишоратии роҳҳо, насби шиору овезаҳои тарғибкунандаи истиқлолу озодӣ, бо парчамҳои давлатӣ оро додани кучаю маҳаллаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, дар сатҳи олӣ омодасозии иншоотҳои ба истифодадодашаванда, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудааст мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири ситод ба масъулон барои саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани масъулиятҳои ба душ доштаашон дастуру супоришҳои таъхирнопазир дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси шаҳри Бохтар