Вакилон аз фаъолияти худ ҳисобот доданд

Имрӯз 12-уми октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин, намояндагони Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон, Низом Мирзозода, муовинони раиси шаҳри Бохтар, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳр ва вакилони шаҳр, иштирок намуданд.
Саломзода Сиҷоуддин, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, иштирокдоштагони Иҷлосияро бо масъалаҳои рӯзнома ошно сохтанд, ки баррасии 5 масъала аз ҷониби вакилон пазируфта шуд.
Ҳайати котиботи Иҷлосия муайян гардида бо тариқи овоздиҳӣ ҳайат интихоб гардид. Тибқи муқарарот, Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, роҳбарони Корхонаҳои воҳиди давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳри Бохтар, оид ба корҳои тозагию кабудизоркунӣ дар шаҳр ҳисобот доданд. Ҳабибов Неъмон, директори муассисаи давлатии гулпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳр дар рафти пешниҳоди маърузаи худ қайд кард, ки корхонаи мазкур дар баланси худ барои парвариши гулҳо 6,3 гкт заминро соҳиб мебошад, ки аз ин шумора 2гкт он дар ҳудуди базаи истеҳсолӣ ва бинои маъмурии корхона буда, 1,5 гкт он замини кишт ба ҳисоб меравад. Ин миқдор замин пурра нарм гардида, дар он 100 дона қаламчакҳои гуногуни гули садбарг,1500 бех ниҳолони мажавелник, 1000 бех сасна, 1500 бех туя парвариш карда шуда истодааст. –Дар корхона 59 корманд фаъолият мекунанд, ки дар назди корхона 5 адад гармхона бо масоҳати 1600м2 мавҷуд буда барои парвариши кучатҳо мусоидат мекунад.
Аз рӯйи масъалаи дуюм, ҳисоботи Сайфиддини Исмоил, раиси Комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар «Оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии», шунида шуд.
Дар доираи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаи интихоботии №13, Комилзода Алишер Аҳмадҷон, доир ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ шунида шуд. Номбурда зимни ироаи ҳисоботи хеш қайд намуд, ки дар ҳудуди ҳавзаи интихоботияш корҳои сохтмону тозагардонӣ бо суръати баланд идома дошта 14 бинои таъиноташон гуногун сохта шуда истодааст. – Ҳамзамон дар байни сокинони ҳудуди ҳавза вохӯрию фаҳмондадиҳиҳо дар самти пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротию радикалӣ гузаронида шудааст. Инчунин барои тозаю сарсабз гардонидани гушае аз ватани азизамон бо сокинон дар маҳал маъракаҳои ниҳолшинонию тозагардонӣ баргузор намудаанд.
Сипас масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис доир ба тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Бохтар, ки дар семоҳаи сеюми соли 2021 қабул гардидааст баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои ҷорӣ бошад, мавзуъҳои омодагардонии шаҳри Бохтар, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани чорабиниҳои дарпешистодаи, рӯзи Кониститутсия, Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намуддани рӯзи Президент мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Хадамоти матбуоти
Раиси ш. Бохтар