Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин бахшида ба «Рӯзи дониш»

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам ва хонандагони азиз!

Инак, баъди таътили тобистона соли нави таҳсил, ки рӯзи аввалини он дар саросари мамлакатамон чун «Рӯзи дониш» ботантана таҷлил меёбад, оғоз мегардад.

Ҳамаи Шуморо ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба толибилмон дар сатҳи қуллаҳои нави дониш ва ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ шурӯъ мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.

Бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар рӯ ба инкишоф ниҳода, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашта истодааст. Имсол таҷлили «Рӯзи дониш» дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Дар доираи омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтумони муассисаи таълимӣ, ки забони таҳсил пурра бо забони русӣ мебошад ва ифтитоҳи ду муассисаи таълимӣ дар назар аст.

Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, фарогирии хонандагон, махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он, бо таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, татбиқи Барномаҳои давлатии соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, мутахассисони баландихтисос, китобҳои дарсӣ, иштирок ва ғолибияти омӯзгорону мураббиён ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар озмунҳои касбию фаннӣ натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф мебошад.

Дар шароити имрӯза, ки тамоми оламро бемории сироятии коронавирус «Ковид-19» фаро гирифтааст, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурии ҳифзу ҳимояи беҳдошти шахсии хонандагону донишҷуён, кормандони соҳаи маориф риоя карда шавад, то ин ки раванди таълиму тарбия идома ёбад.

Итминони комил дорам, ки устодону омӯзгорон новобаста аз вазъи эпидемикии кишвар анъанаҳои наҷибу пуршарафи маорифпарваронаи ин миллатро идома дода, фарзандони кишварро тарбия мекунанд.

Бояд тазакур дод, ки падару модарони азизро зарур аст ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намоянд, барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд ва дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ барои ояндаи осудаи худи фарзандон ва волидайн, ободии давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Умед дорем, ки маорифчиёни шаҳр дар соли нави таҳсил бо меҳнати фидокоронаву содиқона ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил мегарданд. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.

 

You may also like...