“ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД” 26.08.2021

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар асоси Ҷадвали тасдиқнамудаи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин дар мувофиқа бо Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон муҳтарама Абдуллозода Фариза дар бораи баргузории мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди Футболи хурд миёни ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Бохтар” ва бахшида ба таҷлили “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир намуданд.
Тибқи Ҷадвали тасдиқнамуда имрӯз дастаи футболи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Маркази санитарию эпидимиологӣ дар даври ниманиҳоӣ қувваозмоӣ намуда, бози бо ҳисоби 12- 3 ба фоидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба анҷом расид.

You may also like...