ЗАБОН ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

19-уми августи соли ҷорӣ, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар корҳои фаҳмондадиҳи оиди риояи қоидаҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” баргузор гардид.
Гурӯҳи масъул бо соҳибонкорони мағозаву нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба тарзи дуруст ва беғалат навиштани овезаҳо бо забони тоҷикӣ, ҳамчунин бо насб намудани парчам ва шиорҳои тарғибкунанда аз истиқлолияти давлатӣ сӯҳбат гузарониданд.
Бинобар ин соҳибони нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасониро лозим меояд, ки барои дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию тамизгардониро дар нуқтаву маҳалҳои хеш ба роҳ монанд.

You may also like...