Санаи 26 июли соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП1729 ва нақшаи тасдиқгар дидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин бо иштироки зиёда аз 50 нафар намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 6 моҳи соли 2021 маълумоти муфассал пешниҳод карда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати минбаъд ҳам баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва беҳтар намудани шароити некуаҳолии мардум, тадбирҳои мушаххасро амалӣ мегардонад.
Инчунин қайд карда шуд, ки дар 6 моҳи соли 2021 дар шаҳри Бохтар 3 чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки яке аз онҳо сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар мебошад.
Сипас намояндагони васоити ахбори омма оид ба масъалаҳои вобаста ба беҳтар гардидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба раиси шаҳр саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳр посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.