ДАР ДОИРАИ “МАРЗ-2021” ОМОДАГИИ ҶАНГИ САНҶИДА ШУД

Субҳи 22 июл дар шаҳри Бохтар, чун дигар минтақаҳои кишвар тибқи фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят суханрони намуда иброз дошт, ки: “ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода будани на танҳо ҷавонони синни даъват, балки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар нишонаи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост”.
Таъкид гардид, ки амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи омодабошии ҷангии он вобастагии мустақим дорад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамсоя бо вилояти Хатлон зиёда аз 420 км, ки асосан, аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад, сарҳад дорад. Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси Афғонистон оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсар ва шаҳрванди дар эҳтиёт қарордоштаи бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, бо эҳсоси баланди ватандорӣ, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.
Пас аз суханронии раиси вилоят гашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва техникаҳои ҳарби баргузор гардид.
Пас аз анҷоми санҷиши муваффақонаи омодабошии ҷангӣ “Марз-2021”, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар якҷояги бо раисони шаҳру ноҳияиҳои минтақаи Бохтар, аз ҳолати омодабошии техникаи қисми низомии 07017 – и Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

You may also like...