Ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

Дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар санаи 15 июли соли 2021 маросими кушодашавии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳои шаҳри Бохтар барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳкам намудани дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мусобиқаи варзиширо аз рўи намуди футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси ҲХДТ” ба роҳ монд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди хурди футбол байни маҳаллаҳо муовини Раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Иброҳимзода Неъматулло, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзишии шаҳри Бохтар, Рухшонаи Шерали ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

You may also like...