Қадрдонии Набиҷон Исозода аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар
Имрӯз 14 июли соли 2021 раиси шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин сардори навтаъингаштаи шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара, Набиҷон Исозодаро ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳр муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин собиқ сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар, Набиҷон Исозодаро барои ба вазифаи нав таъин гардиданаш табрик намуда барои хизматҳои арзанда дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва иҷрои вазифаҳои пурмасъулият, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, содиқона хизмат намудан ба Ватану миллати хеш бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қадрдонӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷоддаи фаъолияти минбаъдааш бурдбориҳоро таманно намуд.