Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

 Имрӯзҳо дар саросари Ватани маҳбубамон ҷашни бузурги миллат Ваҳдати миллӣ ва яке аз санаҳои рангину бо хатҳои тиллоӣ сабтгардидаи таърихи ватансозии навини мо, ҷашн гирифта мешавад.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муҳлати кам сипари гардида бошад ҳам, бо боварии комил метавон гуфт, ки он абади боқи мемонад.

Чунки имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои худ зина ба зина ва қавиёна ноил гардида истодааст.

Ҳангоме, ки  Сарвари мамлакатро баъди ба имзо расидани Истиқрори сулҳи тоҷикон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе пешвоз мегирифтанд, Президенти маҳбуби мо чунин суханҳоро гуфтанд: «Баъди гузаштани даҳсолаҳо мо ба қадри имрӯз, ки Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ ба имзо расидааст, мерасем » ва ҳақ бар ҷониби сарвари давлат аст. Имрӯз иттиҳоду иттифоқии мардуми Тоҷикистон зери партави сиёсати ин шахсияти бузург гувоҳи гуфтаҳои болост ва дарахти Ваҳдати миллӣ дар сабзиш ва нашъунамо буда, меваҳои шаҳдбор ба бор оварда истодааст. Худогоҳ гардидани мардуми Тоҷикистон, омӯзиши сабақи талхии ҷанги таҳмилӣ ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ  имрӯзҳо тамоми мардумро муттаҳид намудааст.

Бинобар ин, мардуми фараҳманди Тоҷикистон  бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсозро дарк намуда, арзиши сулҳу субот ва моҳияти Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳои муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон шумурда, барои  пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзанд.

Маҳз анна ҳамин Ваҳдати миллӣ барои рушди босубот ва бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ заминаи устувор ба миён оварда, амнияти аҳолӣ пурра таъмин гардида, пешравиҳою муваффақиятҳои бузург насибамон гардид.

Дар яке аз баромадҳои худ ҳангоми таҷлили рўзи Ваҳдати миллӣ Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки  « тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият  арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».
 Кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Президентамон моро водор месозад, ки мо Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем. 

 Ифтихори миллати мост, ки имрӯз Тоҷикистон як узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, манфиатҳои миллии худро ҳимоят карда метавонад.

Комилан метавон гуфт, ки  заминаҳои аввалин барои расидан ба Ваҳдати миллӣ маҳз аз Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад.

Дар давраи баргузории ин санаи таърихӣ тақдири миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳамчун як тифлаки навзодеро мемонд, ки аз падару модар маҳрум гардида лучу урён дар биёбони тафсон монда буд.

Маҳз ана дар ҳамин давраи душвори миллат, наҷотбахши миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  руи саҳнаи сиёсат омада,  алангаи ҷанги мудҳишро фуру нишонда, дилу дидаи мардуми тоҷикро дармон бахшида, қавмҳои парешонгаштаро ба ҳам оварданд.

Ҳанӯз 12 -уми декабри соли 1992  дар Муроҷиатномаи худ ба халқи кишвар Президенти маҳбуби мо гуфта буданд: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…». Ана ҳамин суханҳо ва матонату далерии ин марди бузург моро ба қуллаи Ваҳдат расонид.

Имрӯзҳо дар созмонҳои бонуфузи олам таҷрибаи сулҳи тоҷикон омӯхта шуда истода, механизмҳои амалишавии он дар бисёр нуқтаҳои даргири олам истифода шуда истодааст, ки ин мояи ифтихори мо гардидааст.

Мардуми тоҷик худогоҳ  аст, сиёҳро аз сафед фарқ мекунаду ҳанӯз талхии ҷанги бемаънӣ аз комашон нарафтааст. Мо ҳама якҷоя гирди сиёсати сарвари давлат ҷамъ омада, бо дилу ҷон ва тамоми ҳастиамон ба Ватану Миллат хизмат намуда намегузорем, ки иттиҳоду Ваҳдати мо пароканда шавад.

Ифтихори  миллати мост, ки мо гирди як ақида, гирди Ваҳдати миллӣ ва сиёсати сарвари давлат ҷамъ омадаем, то ба наслҳои оянда воқеъан ҳам  давлати муттараққии бузурги тоҷиконро бунёд намоем, ки оиди ин масъалаҳо Президенти кишварамон таъкиду ҳидоятҳои пайваста менамоянд.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикисторо  аз номи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар   бо ин иди миллӣ табрик мегӯям. Бигзор сулҳу аммонию Ваҳдати Миллӣ дар ватани маҳбуби мо  поянда  ва  ҷовидон  бошад.

You may also like...