НОМГУЗОРИ ШУДАНИ ЯКЕ АЗ КӮЧАҲОИ БОХТАР БА НОМИ ҲАСАНИ МУРОДИЁН

Санаи 24 -уми июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, таҳти раёсати Саломзода Сиҷоуддин, раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, иҷлосияи ҳафтуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи мазкур баробари вакилони шаҳр ҳамчунин Низом Мирзозода, муовини раиси вилояти Хатлон, муовинони раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ва дигар шахсони расмӣ, иштирок доштанд.
Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ ва интихоби ҳайати котибот оғоз гардид.
Аз руйи тартиби муқараргардида, раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Саломзода Сиҷоуддин, вакилони иштирокдоштаро бо рӯзномаи маҷлис, ки аз 5 масъала иборат буд ошно сохта.
Аз рӯйи масъалаи якум вакилони халқи шаҳри Бохтар, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаҳои интихоботии №4 Манзура Холова, №6 Хушнуд Баҳодуров ва №17 Сафарзода Гулистон, тасдиқ намуданд ва дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Саломзода Сиҷоуддин, раиси маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар шаҳодатномаҳои вакилӣ ва гулдаста супорида шуд.
Аз руйи масъулаи дуввум бошад ҳисоботи гурӯҳи мониторинг «Оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018 таҳти №АП-1059 дар бораи омодагии ҳамаҷонибаи шаҳри Бохтар ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.
Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ҳамзамон комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар бошад аз руйи масъалаи сеюм вобаста ба тарақиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва хоҷагидорию роҳ дар назди вакилон ҳисобот дод.
Аз руи масъалаи чорум бошад Саломат Иргашева, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаи интихоботии №8 вобаста ба корҳои анҷомдодааш ҳисобот дод.
Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар бошад аз руйи масъалаи панҷум қарорҳои баровардаи раиси шаҳри Бохтар дар дар нимсолаи аввали соли ҷориро ба самъи вакилон расонид, он онҳоро якдилона тасдиқ намуданд.
Муовини раис шаҳри Бохтар дар идомаи суханроиаш пешниҳод намуд, ки номи чанде аз кучаҳои шаҳр ба исми шахсиятҳои хизматнишондода иваз карда шаванд.
Тибқи пешниҳоди Наргис Қурбонзода, номи яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар ба номи шодравон Ҳасани Муродиён гузошта шуд. Ин пешниҳод аз ҷониби вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ҷонибдорӣ ёфт, нусхаи қарори раиси шаҳри Бохтар аз 24-уми июни соли 2021 таҳти №77 ба Зокир Ҳасан фарзанди марҳум Ҳасани Муродиён дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Ҳамчунин кӯчаҳои Л. Толстойи (Ургутмаҳалла) ба номи Ӯлмас Ҷамол иваз карда шуд.
Дар анҷоми иҷлосия, Зокир Ҳасан, писари марҳум Ҳасани Муродиён, минатдории худро ба раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин ва тамоми вакилон барои ҷонибдорӣ аз пешниҳоди мазкур расонид.

You may also like...