Вохӯри бо сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав”.

Санаи 22 июни соли равон дар маҳаллии Ҳаёти нави шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Қурбонзода Наргис, муовини раиси шаҳри Бохтар,Неъматулло Иброҳимзода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Меҳмондустзода Ҷумахон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, Зарина Турахонова, мудири бахши кор бо  занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Шаъмигул Шарифова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, Рухшонаи Шералӣ, мудири бахши ҷавонон ва дигар шахсони масъул бо аҳли сокинони маҳал баргузор гардид.

Ба таъкиди масъулин ҳадаф аз вохӯрӣ бо сокинони маҳал омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, тарғиби мардум ба корҳои ободониву созандагӣ, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.

You may also like...