КӮДАКОН ҲАМЕША ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶӮҲИ ДАВЛАТАНД!
1-уми июни соли равон дар театри мусиқӣ мазҳакавӣ ба номи Атто Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, бо иштироки Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони ниҳодҳои шаҳрию вилоятӣ, аҳли маориф ва дигарон чарабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон баргузор гардид.
Пас аз тамошои расмҳои кашидаи кӯдакон, меҳмонон дар саҳни театр аз намоишгоҳи омоданамудани кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Бохтар, дидан намуда ба ҳунару маҳорати кӯдакон баҳои баланд доданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ, ки дар толори театр баргузор гашт, нахуст Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят суханронӣ суханрони намуда тамоми кӯдаконро табрик гуфта баҳрашон беҳтарин тамманиёт намуд.
“Ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва ҳимояи манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ инкишофи зеҳнӣ ва тансиҳатии онҳо дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст”, қайд намуд дар идомаи суханрониаш Ф. Шарифӣ.
Дар қисмати поёнии чорабинӣ кӯдакону наврасон намоишномаи театрикунонидашудаи омоданмудаи хешро, ки иборат аз қироати шеъру суруд ва рақсҳои хотирмону дилчасп буд пешниҳоди аҳли толор намуданд.