Ташрифи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар муҳтарам Қосим Роҳбар ба литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 раиси кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қосим Роҳбар дар якҷояги бо Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар зимни сафари корӣ ба литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар муҳтарам Қосим Роҳбар вобаста ба талаботи Амри зикргардида барои таъмири литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар дастуру супоришҳо доданд.