МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Хабарҳо

Бохтар: Омодагиҳо ба ҷашнҳои муҳим

Субҳи имрӯз 29 майи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, маҷлиси ҳисоботӣ зери роҳбарии Қосим Роҳбар, раиси кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, вохӯрии гӯруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зергуруҳҳо, ки барои омода намудани шаҳри Бохтар ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муваззаф гардидаанд баргузор гардид.

 

Дар маҷлис  роҳбарони зергурӯҳҳо доир ба ҳарду ҷашни умумимиллӣ 30 –солагии истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки дар ин самт масъулони шаҳри Бохтар, бисёре аз корҳоро анҷом додаанд  ба роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Қосим Роҳбар гузориши муфассал пешниҳод карданд.

Гуфтанд, ки тибқи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то 31-уми августи соли 2021, шаҳри Бохтар ба ҳарду ҷашн дар сатҳи баланд пурра омодагии худро ба анҷом мерасонад.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *