Шӯрои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
Санаи 25 майи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар бо иштироки Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, Қурбонзода Наргис, муовини раиси шаҳри Бохтар, Давлатзода Наҷмиддин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, Нусратзода Иброҳим, прокурори шаҳри Бохтар, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар, Шарифова Шаъмигул, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, мудирони аксар шуъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Саравал Шаъмигул Шарифова, мудири шуъбаи маорифи шаҳр ба сухан баромада қайд намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар бештар ба он нигаонида шудааст. Ҳамасола нисбати соҳаи маорифи кишвар аз тарафи ҳукумати мамлакат, бахусус аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои зиёде роҳандозӣ гардида ба пешравии соҳа мусоидат менамоянд. Мо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтарро вазифадор менамояд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар таълим ва тарбияи насли ояндасози миллат нақши босазои худро гузорем ва дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузори ба муқадасоти миллӣ, расму оин, фарҳангу маданият онҳоро тарбият намоем ва дар назди давлату миллат қарзи виҷдонӣю инсонии худро адо намоем гуфт Шаъмигул Шарифова.
Сипас мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, Баротов Ҷаъфар вобаста ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба сухан баромада иброз дошт, ки барои рушд ва пешравии кори ин самт 9 семинари доимамалкунандаи муовинони директорон оид ба тарбия ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 5 маърузаи методӣ оид ба самти корҳои тарбиявӣ мусоидаткунанда баррасӣ гардида, ҳуҷҷатҳои лозима аз қабили ҷувздони алоҳида, руйхати хонандагони душвортарбия, ахборотҳо оиди корҳои ба сомонрасонидашуда, руйхати муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таълимӣ, барномаи баргузории семинар, маълумотҳои иштирокдорон, протокол ва ҷадвали баргузории семинарҳо ҷамъовари карда шудаанд.
Баъдан мушовир оид ба фанҳои дақиқи кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, Нуров Манучеҳр вобаста ба дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи Маркази миллии тестӣ суханрони намуда иброз дошт, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба дохилшавии хонандагон тариқи Маркази миллии тестӣ аз ҷониби мушрвири шуъбаи маориф семинари машваратӣ баргузор карда шуд ва бақайдгирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи маркази миллии тестӣ ба санаи 25 майи соли 2021, 84,1%- ро ташкил медиҳад.
Вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар дар солҳои таҳсили 2020-2021 директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳр, Содиқова Фируза суханрони намуд. У қайд намуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар маҷмӯъ дар даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар байни дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо гирифтани 38 медал мавқеи мавқеи дуюмро ишғол намуданд.