Паёми шодбошии Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ба муносибати фарораси Иди саиди Фитр

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди саиди Фитр чун иди аҷдодӣ ва аҷргузорӣ ба арзишҳои инсондустонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба моҳияту бузургии моҳи шарифи Рамазон ва нақши созандаи он дар ҳаёти мусалмонони кишвар гуфтааст, ки:   “…моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру савоб, иҷобати дуо, қабули тавба, паҳрезу накукорӣ, худдорӣ кардан аз аъмоли зишт, аёдати падару модарон, беморону ранҷурон, мададу ёрмандӣ ба ятимону маъюбон ва камбизоату дармондагон аст.

Аз ин ҷиҳат, дар айёми пурбаракати моҳи шарифи Рамазон мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои паҳрезу накӯкориро бештар риоя кунанд”.

Моҳи шарифи рамазон ҳақиқатан моҳи муборак ва эҳсону саховат аст. Ин ҷашн аз оғози пойдоиш орзуи фаровонии ризқу рӯзии одам, садақаву хайротро ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ростиву росткорӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, шуҷоату матонат ва дар роҳи Ҳақ, фидокор буданро дар таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ифода мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону мардуми камбизоат ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар шаҳри Бохтар низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбад ва сокинони шаҳр баҳри иҷрои ин амали хайр камари ҳиммат баста, дар иҷрои корҳои хайру савоб ва ободии маҳал бештару беҳтар саҳм мегузоранд.

Бо такя ба ҳастии футувват ва хиради оламгири халқи кӯҳанбунёди тоҷик дар асоси дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламравӣ шаҳр корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳу манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои созандагӣ вусъати тоза касб кардааст ва эътиқод бар он дорам, ки шумо сокинони шарафманди шаҳри Бохтар дар иҷрои ин корҳои хайру ояндабахш фаъолона ширкат варзида, манзилу кӯча, деҳаву муҳити зисти худро ба як маҳали пешрафт, дорои қудрати бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва хурраму шукуфон табдил хоҳед дод.

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сокинони шаҳрро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, дар иҷрои корҳои хайру савоб ва созандагиву ободонӣ бароятон барору кушоиш таманно дорам ва ба ҳамагон саломативу умри дароз, хотири ҷамъ ва комёбиҳо орзумандам.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз.

You may also like...